- марг
- [مرگ]муриш, мавт, фавт, аҷал; мамот, фано: марги ногаҳонӣ, марги ногузир, ҷанги маргу зиндагонӣ; аз чанголи марг раҳоӣ ёфтан, ҷанг бо марги беамон кардан, рӯзи маргаш расидааст; марги бемаҳал мурдан пеш аз вақти маълум, марги барвақт; марги муфоҷо(т) марги ногаҳонӣ; фариштаи марг ниг. малакулмавт; дар дами марг будан наздик ба марг будан, дар дами назъ будан; марг ба… нест шавад…, барҳам хӯрад…, бимирад…; бо марг даст ба гиребон шудан бо марг мубориза бурдан (барои зинда мондан); ҷонбозӣ кардан, ҷонро ба хатар андохтан; дар дами марг будан дар ҳолати наздик ба мурдан будан; дил ба марг ниҳодан маргро ба назар гирифтан; ба мурдан розӣ шудан; заҳри маргат шавад сабаби мурдани ту шавад, сари туро хӯрад (таъбири дашном); марги бо дӯстон (ё ёрон) тӯй аст (зарб.) аз сар гузаронидани ҳар фалокат ва нохушӣ ҳамроҳи дӯстон, бо ҷамоат саҳл аст, мурдан бо ёрон ид аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.